Қарори Ҳукумати ҶТ Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли 2010, № 226 № 176 аз 07/03/2014

Санаи амалкуни: 07.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176) 

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301аз 7.03.2014 № 176).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 41 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176).

4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301аз 7.03.2014 № 176).

5) Ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176).

6) Ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301аз 7.03.2014 № 176).

7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 7.03.2014 № 176).

8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.03.2014 № 176).

10) Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шаванд:

- дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" ва Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорат" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумита" иваз карда шаванд;

- дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 389 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ" калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

11) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд ва санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301аз 7.03.2014 № 176).


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 226

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Комитет по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 31.08.2012г.№474, от 07.03.2014г. №176)

Согласно статьи 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 9 марта 2010 года № 832 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Образовать Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.

2) Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата и Схему управления и перечень подведомственных организаций Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3 и

4) (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

3) Установить окончательную численность работников Центрального аппарата Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 41 единиц (без обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 31.08.2012г.№474, от 07.03.2014г. №176).

4) Двадцать четыре штатных единиц Министерства культуры Республики Таджикистан передать Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.Окончательную численность работников Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан увеличить за счёт сокращения штатных единиц Управления по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в количестве 10 штатных единиц и выделить пять рабочих единиц за счет республиканского бюджета (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

5) Разрешить Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан иметь трех заместителей Председателя, в том числе первого заместителя и Коллегию в составе 7 членов (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 07.03.2014г. №176).

6) Установить лимит служебных легковых автомобилей для Комитета но делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 4 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

7) Образовать при исполнительном органе государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе "Отдел по делам религии,упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов", в городах и районах "Сектор по делам религии,упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов" на основе штатного расписания упорядочения традиций, торжеств и обрядов и по делам религий структуры местных органов исполнительной власти (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301, от 07.03.2014г. №176).

8) Финансирование расходов на содержание Комитета по делам религии, упорядочения национальных традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан для 35 штатных единиц осуществить за счёт средств республиканского бюджета и для 6 штатных единиц за счёт специальных средств Комитета (в редакции постановления Правительства РТ от 07.03.2014г.№176).

9) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в месячный срок решить вопрос размещения Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.

10) Внести следующие изменения в постановления Правительства Республики Таджикистан:

заменить слова "Министерство культуры Республики Таджикистан", "Министерству культуры Республики Таджикистан" и "Министерство" соответственно словами "Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан", "Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" и "Комитет" в тексте постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2005 года № 470 "Об упорядочении проведения хаджа и умры" и "Инструкции о порядке коллективной поездки граждан в хадж и умру", утверждённой указанным постановлением;

заменить слова "Министерство культуры Республики Таджикистан" словами "Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" в тексте пункта 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, № 389 "Об утверждении Порядка проведения государственной религиоведческой экспертизы".

11) Министерству культуры Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан и Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить предложения по внесению изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан и привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением (в редакции Постановления Правительства РТ от 29.05.2010г.№301).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон

от 3 мая 2010 года № 226 ш. Душанбе