Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 172
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт
I. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур тартиби ягонаи бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро (минбаъд ҲРН) муқаррар менамоянд ва иҷрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.
2. Бақайдгирӣ бо мақсади баҳо додан ба ҳолатҳои садамавӣ, таҳлили сабабҳо ва шароити ба вуқӯъ пайвастани онҳо ва андешидани тадбирҳои самарабахш барои бартараф намудани ин сабабҳо ва шароит ба роҳ монда мешавад.
3. Бақайдгирии ҲРН аз ҷониби инҳо анҷом дода мешавад:
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- корхона ва ташкилот, вазоратҳо (идораҳо) ва дигар муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, ки воситаҳои нақлиёт доранд;
- ташкилотҳои роҳдорӣ ва коммуналӣ.
Муассисаҳои табобатию пешгирии (профилактикии) бемориҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо зарардидагони ҲРН-ро ба қайд мегиранд.
4. Бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ҳамон вақт сурат мегирад, ки ҳадди ақал дар он як адад воситаи нақлиёти дар ҳаракатбуда, ки боиси марг ё маҷрӯҳ шудани одамон гардидааст, ширкат карда бошад, ё ин ки воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳдорӣ ва дигар иншоот ё амволи дигар зарар дида бошанд.
Ба ҳисоботи давлатии омор маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки дар роҳҳо рух дода, боиси марг ё ҷароҳати миёнаи ҷисмонӣ бардоштани одамон гардидаанд, дохил карда мешавад.
Эзоҳ:
1. Ба воситаҳои нақлиёт, автомобилҳо, мототсиклҳо, мотороллерҳо, мотоаробаҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки ҳаҷми кории муҳаррикашон зиёда аз 50 см3 аст, инчунин трамвайҳо, троллейбусҳо, тракторҳо ва дигар механизмҳои худҳаракат, аробаҳо (ба истиснои аробаҳои ҳайвоноти боркаш ва саворӣ) дохил мешаванд.
2. Ба ҷумлаи ҳалокшудагон ҳангоми ҲРН онҳое дохил мешаванд, ки ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ё дар давоми 7 шабонарӯзи баъди ҳодиса ҳалок шудаанд.
3. Ба ҷумлаи маҷрӯҳон ҳангоми ҲРН онҳое дохил мешаванд, ки ҷароҳатҳои вазнин ё миёнаи ҷисмонӣ бардоштаанд.
4. Ба мафҳуми роҳ ҳама гуна кӯча, роҳ, тангкӯча ва монанди инҳо бо тамоми паҳноияшон (бо назардошти пиёдароҳҳо, канораи роҳ ва хатҳои ҷудокунандаи роҳ) дохил мешаванд.
5. Намудҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъиноти онҳо дар замимаи Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд.
6. Ба ҳисоботи давлатии омор маълумоти зерин оид ба рӯй додани ҲРН дохил намешаванд:
- дар ҳудуди корхонаҳо, ташкилот, фурудгоҳҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои низоми гузарномавӣ дошта, ки бо панҷараҳо ва муҳофизон таъминанд, минтақаҳои бо ғавчӯб ҷиҳозонида шудаи роҳҳо, инчунин дар ҷойҳое, ки роҳ барои ҳаракати воситаи нақлиёти автомобилӣ мавҷуд нест;
- ҳангоми гузаронидани тадбирҳои варзишӣ (мусобиқаҳо, машқҳо ва монанди инҳо), ки боиси зарар дидани ронандаҳо, варзишгарон, доварон, дигар шахсони мутасаддии тадбирҳои варзишӣ ё шаҳрвандон гардидааст.
7. Дар чунин ҳолатҳо ҳодисаҳо ҳамчун ҲРН ба ҳисоб гирифта намешаванд:
- ҳодисаҳое, ки бо автомобилҳо, тракторҳо, дигар мошинҳо ва механизмҳои худҳаракат ҳангоми иҷрои амалиётҳои асосии истеҳсолии бо онҳо хос (шудгор, хандакковӣ, ғарам кардан, ҷамъоварии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар саҳро, чӯббурӣ, корҳои борбардорию борфарорӣ ба воситаи автокранҳо ё усули худпарто, устувор намудани манораҳо, такягоҳҳо ва ғ.) рух додаанд;
- ҳодисаҳои дар натиҷаи амалиёти бадқасдона рухдода бо мақсади ба ҳалокат расонидани одамон ё зарар расондан ба саломатӣ ва моликияти онҳо;
- ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи кӯшиши худкушӣ кардани шахси зарардида рӯй додаанд;
- ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ (фурӯравӣ, сангфароӣ, тӯфон, тармафароӣ, обхезӣ, зилзила ва монанди инҳо) рух додаанд;
- ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ва қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлтиёт ҳангоми дар сари рул ҳозир набудани ронанда рух додаанд (ба кор даровардани муҳаррик бо ёрии дастаки тобдиҳӣ ё ба ҳаракат даровардани муҳаррик ҳангоми омода будани суръат, ҳангоми бастан ё кушодани ядакҳои воситаҳои нақлиёт, чанаҳои тракторҳо ва олоти кишоварзӣ ва монанди инҳо);
- оташ гирифтани воситаҳои нақлиёти дар ҳаракат буда, ки ба нуқсони техникии онҳо вобастагӣ надорад.
II. Бақайдгирии ҲРН дар мақомоти корҳои дохилӣ
8. ҲРН аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса ва дар макони сабти воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта мешавад.
9. Иттилооти шифоҳӣ ё хаттӣ дар бораи ҲРН ва шахсони аз он зарардида дар қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ ё дар воҳидҳои сафдории хадамоти роҳбонии БДА бо тартиби муқаррар шуда сабт карда мешавад.
Баъди баррасии игтилоот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, маълумот дар бораи ҲРН, ки мутобиқи Қоидаҳои мазкур ба қайд гирифтани он ҳатмӣ аст, дар китоби бақайдгирии маъмулӣ сабт карда шуда, сипас ба мақомоти болоии корҳои дохилӣ (РКД, ВКД) ирсол мегардад.
10. Барои ҳар як ҲРН, ки бояд ба ҳисоби давлатии омор дохил карда шавад, варақаи бақайдгирии ҲРН хонапурӣ карда шуда, дар мақомоти корҳои дохилии маҳали рухдодаи ҲРН нигоҳдорӣ мешавад. Шакли варақа, тартиби ҷамъ ва пурра кардани ахбори оморӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми дар рафти тафтишоти пешакӣ ва таҳқикот ошкор кардани ҳолатҳои нави айбдории ронандаҳои воситаҳои нақлиёт, ки дар ҲРН ширкат кардаанд, дар варақаи бақайдгирии ҲРН дар давоми 3 шабонарӯз тағйироти зарурӣ дароварда мешавад.
11. Масъулияти пурра ва дуруст қайд кардани маълумот дар бораи ҲРН дар ҳисоботи давлатии омор ба дӯши сардори шӯъбаи (шӯъбачаи) Бозрасии давлатии автомобилӣ вогузошта мешавад. Назорат ба пурра ва дуруст қайд кардани маълумот дар бораи ҲРН дар ҳисоботи давлатии омор аз ҷониби воҳидҳои мақомоти болоии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.
12. Барои ҲРН бо иштироки воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳудуди дигар ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия ба қайд гирифта шудаву боиси марг ё маҷрӯҳии одамон гардидааст, нусхаи иловагии варақаи ҲРН хонапурӣ карда шуда, ба мақомоти корҳои дохили маҳали сабти воситаҳои нақлиёт фиристода мешавад.
13. Бақайдгирӣ ва таҳлили ҲРН, ки дар натиҷаи онҳо одамон ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд ва он боиси бемории кӯтоҳмуддат ё аз даст додани қобилияти кории онҳо гардидааст, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сафдории хадамоти роҳбонии БДА амалӣ мегардад.
14. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ҲРН бо иштироки воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташудаи марбути ҳудуди ин мақомот ба маъмурияти корхона ва ташкилот ба соҳибони воситаҳои нақлиёт (хаттӣ, бо телефон) маълумот ирсол менамояд.
Маълумот дар бораи ҲРН, ки ба рух додани онҳо шароити ғайриқаноатбахши роҳ боис шудааст, ба ташкилоти роҳдорӣ ва коммуналӣ фиристода мешавад. Иттилооти фиристодашуда дар китоби бақайдгирии ҲРН сабт карда мешавад.
15. Мақомоти корҳои дохилӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ барои муқоиса ва тафтиши ахборот дар бораи ҲРН аз ҷониби намояндагони вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои автомобилӣ, ташкилоти роҳдорӣ, коммуналӣ ва ғайра аз рӯи нишондиҳандаҳои тарзи ҳисоботдиҳӣ имконият фароҳам меорад ва дурустии ин ахборро тасдиқ менамояд.
16. Роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ муқоиса ва тафтиши ахборотро дар бораи ҲРН бо ахбори муассисаҳои табобатию пешгирии амроз ва мурдахонаҳо таъмин менамояд. Бақайдгирии ҲРН, ки дар натиҷаи муқоиса ва тафтиш ошкор гардидааст ва ворид намудани онҳо ба ҳисоботи давлатии омор мутобиқи Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад.
III. Бақайдгирии ҲРН аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт
17. Аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт тамоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки воситаҳои нақлиёт, ки соҳибонашон худи онҳо мебошанд, новобаста ба макони ҳодиса, оқибатҳои он ва гуноҳи ронандагон ба қайд гирифта мешавад. Бақайдгириро кормандони хадамоти бехатарии ҳаракат ё шахсони дигаре, ки бо фармони корхонаю ташкилот таъйин шудаанд, амалӣ месозанд.
18. Маълумот дар бораи ҲРН новобаста ба оқибатҳои он ва андозаи зарари моддӣ дар китоби бақайдгирии ҲРН, ки шакли он аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад ба қайд гирифта мешавад. Китоби мазкур бояд рақамгузорӣ ва ресмонбандӣ шуда, мӯҳр дошта бошад.
Ин китоб бо шумори таърихи ёддошти охирин то 3 сол нигаҳдорӣ карда мешавад.
Эзоҳ: Соҳибони воситаҳои нақлиёт - шахсони ҳуқуқӣ, новобста аз шакли моликияташон, ки молики воситаҳои нақлиёт мебошанд, ё худ истифодабаранда ва сариштакунандагони воситаи нақлиёт тибқи тартиби муайяншуда ба ҳисоб мераванд.
19. Соҳибони воситаҳои нақлиёт аз рӯи ҳар як ҲРН, ки бо иштироки воситаҳои нақлиёти онҳо рух додааст, ба мақомоти болоӣ ахборотеро, ки дар он маълумот мутобиқи шакли аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, мураттаб сохта ирсол менамояд.
Эзоҳ: Дар ахборот оид ба ҲРН бояд инъикос ёбад: номгӯи ҲРН; таърих, замон ва макони корхонаи нақлиёти автомобилӣ; тамға, навъ ва рақами давлатии воситаи нақлиёт, воситаи нақлиётро кӣ идора мекард; соати рух додани ҲРН, ҳолати ронанда; намуд ва тасвири мухтасари ҲРН; ҳаво, шароити дид ва ҳолати роҳ; сабабу оқибатҳои ҲРН бо қайди номи хонаводагӣ, номи худ ва номи падар, мансаб, синну сол ва монанди инҳо; холати техникии воситаи нақлиёт ва зарари моддии расондаи он, талаф ё зарар дидани бор; аз кормандони корхона, ташкилот ё муассиса, ки дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуд; тадбирҳои пешгирии ҲРН.
Ахбор бояд аз ҷониби роҳбарони корхона, ташкилот, муассиса ва хадамоти бехатарии ҳаракати нақлиёт бо нишондоди таърихи он имзо карда шавад.
20. Корхона ва ташкилотҳо соҳибони воситаҳои нақлиёт новобаста аз мавҷудияти хадамоти идоровии бехатарии ҳаракати нақлиёт баъди бо мақомоти корҳои дохилии шаҳриву ноҳиявӣ муқоиса намудани маълумот дар бораи ҲРН тибқи тартиби муайяннамудаи Вазорати наклиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ як маротиба ба мақомоти болоӣ оид ба ҲРН ҳисобот медиҳанд.
Эзоҳ: ҳисоботдиҳӣ дар бораи ҲРН ба вазорат ва идораҳо низ аз рӯи ҳамин тартиб сурат мегирад.
21. Корхона ва ташкилотҳо-соҳибони воситаҳои нақлиёт дар бораи ҳама гуна ҲРН, ки бо айби воситаҳои нақлиёти онҳо рух додааст, инчунин дар бораи ба гараж бозгаштани воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ осебдида вазифадоранд ба мақомоти корҳои дохилӣ таъҷилан хабар диҳанд.
IV. Бақайдгирии ҲРН дар ташкилотҳои роҳдорӣ ва коммуналӣ
22. Дар ташкилотҳои роҳдорӣ ва коммуналӣ ҳамаи ҲРН-и дар кӯча ва роҳҳои марбути хизматрасонии ин ташкилотҳо рухдода ба қайд гирифта мешавад ба истиснои ҳодисаҳое, ки дар нақлиёти тобеи идораҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
23. Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки ба рух додани онҳо шароити ғайриқаноатбахши роҳ мусоидат намудааст, дар китоби бақайдгирии ҲРН сабт карда мешавад. Дар бораи ҳар як ҳодисаи мазкур ба ташкилоти болоӣ гузориш дода мешавад (тартиби китоби бақайдгирии ҲРН ва гузориш мутобиқи бандҳои 18 ва 19 Қоидаҳои мазкур сурат мегирад).
Ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳо ба соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида шудааст, инчунин пардохти кӯмакпулии якдафъагӣ ба осебдидагон, аз ҷониби соҳибон роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ё мақомоти ваколатдори онҳо дар соҳаи ҳаракати роҳ сурат мегирад.
24. Ташкилоти рохдорӣ ва коммуналӣ ҳолати садамавиро дар қитъахои ба онхо марбутаи роҳ ва кӯчахо бо усули нақшабардор (дар шакли харита, тасвири хатҳо, тарҳи миқёсии нақшаи мавзеъ) бо мақсади ошкор сохтани манбаъҳои ҲРН, сабабҳо ва шароити рух додани онҳо ва андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ин сабаб ва шароитҳо таҳлил мекунад.
25. Ташкилоти роҳдорӣ ва коммуналӣ то таърихи 5-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ дар бораи ҲРН, ки бо рух додани ин ҳодисаҳо шароити ғайриқаноатбахши роҳ мусоидат намудааст, бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ муқоиса ва аниқ менамоянд.
V. Бақайдгирии зарардидагони ҲРН дар муассисаҳои табобатию пешгирии амрози Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо
26. Дар муассисаҳои табобатию пешгирии амроз ҳамаи ашхосе, ки бо сабаби ҲРН барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат кардаанд, инчунин онҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳо ҳалок гардида, ба шӯъбаҳои ташреҳию маразшиносӣ (патологӣ) ва мурдахонаҳо оварда шудаанд, ба қайд гирифта мешаванд.
27. Маълумот дар бораи ашхоси аз ҲРН зарардида аз рӯи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта мешавад (дар китоби бақайдгирии зарардидагон бояд инъикос ёбад: таърихи ҳодиса ва замони рух додани он; номи хонаводагӣ, номи худ, номи падар, синну соли зарардида, аз тарафи кӣ оварда шуд ва рақами давлатии воситаи нақлиёт; макони рух додани ҲРН; аз рӯи имкон рақами давлатии воситаи нақлиёти дар ҳодиса шарик; ҳолат, намуди ҷароҳат ва дараҷаи вазнини он; дар шифохона хобонда шуд ё табобати амбулаторӣ таъйин карда шуд; теъдоди кат-рӯзҳо дар муассисаи табобатӣ ва монанди ин).
28. Муассисаҳои табобатию пешгирии амроз, инчунин ҳамаи кормандони тиббӣ вазифадоранд ба мақомоти корҳои дохилӣ таъҷилан хабар диҳанд:
- дар бораи ашхосе, ки барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба сабаби осеби ҷисмонӣ дидан аз воситаҳои нақлиёт ба онҳо муроҷиат кардаанд;
- дар бораи ашхосе, ки ҳангоми ҲРН ҷароҳат бардошта ҳалок шудаанд, дар мӯҳлати то 7 шабонарӯзи баъди рух додани ҳодиса.
Маъмурияти шӯъбаҳои ташреҳию маразшиносӣ (патологӣ) ва мурдахонаҳо вазифадоранд дар бораи ҳалокшудагони ҲРН, ки ба ин шӯъбаҳо оварда шудаанд, ба мақомоти корҳои дохилӣ таъҷилан хабар диҳанд.
29. Муассисаҳои табобатию пешгирии амроз вазифадоранд бо дархости кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи дар шифохона хобондани зарардидагони ҲРН, аз даст додани қувваи кории онҳо ё таъйини табобати амбулатории баъди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ маълумотнома (ҳучҷатҳо) пешниҳод намоянд.
30. Ҳисоботдиҳии муассисаҳои табобатию пешгирии амроз дар бораи зарардидагони ҲРН аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва аз ҷониби Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Замимаи № 1
ба Қоидаҳои бақайдгирии
ҳодисаҳои роҳу нақлиёт
Намудҳои ҳодисахои роҳу нақлиёт ва таъйиноти онҳо
Бархӯрд - ҳодисае, ки воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат бо ҳам ё бо қатораи роҳи оҳан бармехӯранд.
Ба ин намуди ходиса инчунин бархӯрд бо таваққуфи ногаҳонии воситаи наклиёт (пеш аз чароғаки роҳнамо, ҳангоми манъ шудани ҳаракат бо сабабҳои техникӣ) ва бархӯрди қатораи роҳи оҳан бо воситаи нақлиёти дар сари роҳ истода (монда) дохил мешавад.
Чаппашавӣ - ходисае, ки воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракат чаппа мешавад. Ба ин намуди ҳодиса чаппашавие, ки дигар намуди ҳодисаҳо ба он мусоидат кардаанд, дохил намешавад.
Зер кардани воситаи нақлиёти мутаваққиф - ҳодисае, ки воситаи нақлиёт, воситаи нақлиёти мутаваққиф, инчунин ядак ва нимядакро зер мекунад.
Эзоҳ: Зер кардани воситаи нақлиёти ногаҳон таваққуфкарда низ бархӯрд маҳсуб мешавад.
Зер кардани монеа - ҳодисае, ки воситаи нақлиёт иншоотҳои роҳ, дигар иншооти дар қисми ҳамшафати роҳ, инчунин монеаҳои дар роҳ бударо (чароғаки роҳнамо, пояҳои аломатҳои роҳ, чароғҳои сари роҳ, тавораҳо ва монанди инҳо) зер мекунад. Ба ин намуд ҳодисаи зер кардани монеаи нохост дар сари роҳ пайдошуда дохил намешавад.
Зер кардани пиёдагард - ҳодисае, ки воситаи нақлиёт шахсро зер кардааст ё худи ӯ ба воситаи нақлиёти дар ҳаракат буда бархӯрдааст.
Ба ин намуд Инчунин ҳодисаҳое дохил мешаваид, ки пиёдагардон аз бор ё ашёе (тахта, ғӯла, сим, банд ва монанди инҳо), ки воситаи нақлиёт интиқол менамуд, зарар дидаанд.
Зер кардани дучархарон (велосипедрон) - ҳодисае, ки воситаи нақлиёт дучархаронро зер кардааст ё худи ӯ ба воситаи нақлтиёти ҳаракаткунанда бархӯрдааст.
Афтидани мусофир - ҳодисае, ки мусофир аз болои воситаи нақлиёти дар ҳаракат буда ё дар дохили он дар натиҷаи тағйири суръат ё самти ҳаракат (траектория) ва ғайра меафтад.
Зер кардани ҳайвонот - ҳодисае, ки воситаи нақлиёт парандаҳо, ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагиро (ҳайвоноти боркаш ва саворӣ низ дохил мешаванд) зер кардааст, ё ин ки худи онҳо ба воситаи нақлиёти дар ҳаракат буда бархӯрда, боиси зарар дидани одамон ва расондани зарари моддӣ гардидаанд.
Ходисаҳои дигар - ҳодисаҳое, ки бо ҳодисаҳои дар боло зикршуда мансуб нестанд. Ба ин намуди ҳодисаҳо аз релс баромадани трамвай (ки боиси бархӯрд ё чаппашавӣ нагаштааст), афтидани бори кашондашаванда ё аз зери чархи воситаи нақлиёт паридани ашё ба сӯи одам, ҳайвон ва воситаи нақлиёти дигар, зер кардани ашхосе, ки иштирокчии ҳаракат маҳсуб намешаванд, зер кардани монеаи нохост дар сари роҳ пайдошуда (бори афтида, чархи ҷудошудаи воситаи нақлиёт), инчунин зер кардани аспу ароба дохил мешавад.
Эзоҳ: Аспу ароба - ҳайвоноти аробакаш ё аробаҳое, ки ҳайвонот онҳоро мекашанд.
Замимаи № 2
ба Қоидаҳои бақайдгирии
ҳодисаҳои роҳу нақлиёт
Варақаи бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҷадвали роҳнамо оид ба хонапурӣ кардани варақаи бақайдгирии ҲРН
I. Маълумоти умумӣ
Намуди ҳодисотҳо
1 - Бархӯрд
2 - Чаппашавӣ
3 - Зер кардани воситаи нақлиёти мутаваққиф
4 - Зер кардани монеа
5 - Зер кардани пиёдагард
6 - Зер кардани дучархарон (велосипедрон)
7 - Зер кардани ҳайвонот
8 - Афтидани мусофир
9 - Ҳодисаҳои дигар
II. Макони ҲРН дар маҳали аҳолинишин
1 - Маркази ҷумҳурӣ
2 - Маркази вилоят
3 - Шаҳраки тобеи ноҳия
4 - Маркази ноҳия
5 - Маҳали дигари аҳолинишин
III. Макони ҲРН дар роҳ
Аҳамиятнокии роҳ
1 - Байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ
2 - Кӯчаю хиёбонҳо дар шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин
3 - Маҳаллӣ, байнихоҷагӣ
4 - Роҳҳои дигар
IV. Шароити роҳ
а) Намуди фарш ва ҳолати роҳи мошиигард
Фарши сахт Фарши хокӣ
1 - хушк
1 - тар
3 - яхбандон
б) Равшанӣ
1 - рӯз
дар торикӣ
рғшноии берун:
2 - даргирон аст
3 - даргирон нест
4 - мавҷуд нест
в) Унсурҳои кӯча, роҳ
1 - пул (пул, виадук, эстакада)
2 - мавзеи бозистодани нақлиёти ҷамъиятӣ
3 - гузаргоҳи пиёдагардон
4 - чорроҳаи бо САИҲ (системаи автоматикунонидашудаи идоракунии ҳаракат) танзимшаванда
5 - чорроҳаи танзимшаванда
6 - чорроҳаи танзимнашаванда
7 - гузаргоҳи ғавдори роҳи оҳан
8 - гузаргоҳи беғави роҳи оҳан
г) Шароите, ки ба рух додани ҲРН мусоидат намудааст
1 - фарши лағжонак
2 - фарши ноҳамвор
3 - ҳолати ғайриқаноатбахши канораҳои роҳ
4 - мувофиқ наомадани андозаи пул бо паҳноии роҳи мошингард
5 - мутобиқат накардани гузаргоҳи роҳи оҳан ба талаботи муқарраршуда
6 - дарахтон, пояҳои чароғҳои сари роҳ
7 - мавҷуд набудани пайраҳа ва пиёдароҳаҳо
8 - мавҷуд набудани тавораҳо дар қитъаҳои хавфноки роҳ
9 - рӯшноии номукаммали роҳи мошингард
10 - мавҷуд набудани тавора ва ишораҳо дар роҳҳои сохташаванда
11 - мавҷуд набудани аломатҳои роҳ ё истифодаи нодурусти онҳо
12 - нодуруст кор кардани чароғаки роҳнамо ё хира будани ои
13 -мавҷуд набудани хатҳои уфуқии роҳи мошингард ё хира будани он
14 - шароитҳои дигар
V. Маълумот оид ба ронандагони гунаҳгор
а) Категорияи гунаҳгор
1 - ронанда, дучархарон (велосипедрон), аробакаш
2 - мусофир
3 - пиёдагард
4 - гунаҳгорони дигар
б) Аз ҷои ҲРН
ғайб зад - 1 ғайб назад - 2
в) Дараҷаи ихтисос
1 - ба категорияи воситаи нақлиёт мувофиқат мекунад
2 - ба категорияи воситаи нақлиёт мувофиқат намекунад
3 - ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт надорад
г) Вайрон кардани ҚҲР аз ҷониби ронандагон:
1 - идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ
2 - баланд кардани суръати ҳаракат, ки ҚҲР ё аломати роҳ муқарар кардааст
3 - итоат накардан ба ишораҳои танзимкунанда, аломатҳо ва нишонаҳои роҳ
4 - вайрон кардани қоидаҳои мусофиркашонӣ
5 - вайрон кардани қоидаҳои манёвр
6 - вайрон кардани қоидаҳои убури гузаргоҳҳои пиёдагардон
7 - вайрон кардани қоидаҳои убури истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ
8 - вайрон кардани қоидаҳои истифодаи асбобҳои равшанидиҳанда
9 - вайрон кардани ҳуқуқи убури бемамониат
10 - вайрон кардани қоидаҳои бозистодан ва таваққуфи воситаи нақлиёт
11 - вайрон кардани қоидаҳои убури гузаргоҳҳои роҳи оҳан
12 - вайрон кардани қоидаҳои боркашонӣ
13 - вайрон кардани қоидаҳои ядаккашӣ
14 - баромадан ба самти муқобили ҳаракат, вайрон кардани қоидаҳои сабқат
15 - риоя накардани тартиби навбат дар убур ва қоидаҳои убури чорроҳаҳо
16 - риоя накардани масофа
17 - идора кардани воситаи нақлиёт бо носозӣ , ки ҚҲР истифодаи онро манъ мекунад
18 - мондашавӣ, хоб рафтан дар сари рул
19 - вайрон кардани қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ
20 - истифода нашудани тасмаи бехатарӣ, тоскулоҳ
21 - мадҳушӣ аз маводи мухаддир
31 - ҳолати руҳӣ
аз ҷониби пиёдагардон:
81 - убури роҳ аз ҷойи муқаррарнашуда
82 - итоат накардан ба ишораҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ
83 - нохост берун шудан аз воситаҳои нақлиёт, иншоот ва ғ.
84 - бозӣ кардан дар сари роҳи мошингард
85 - роҳро гузаштани кӯдакони то 7-сола бе роҳбаладии калонсолон
86 - ҳолати мастӣ
87 - вайрон кардани қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ
88 - мадҳушӣ аз маводи мухаддир
аз ҷониби мусофирон:
61 - вайрон кардани қоидаҳои фаровардан ё савор кардани мусофирон
62 - вайрон кардани қоидаҳои рафтуои мусофирон
63 - истифода нашудани тасмаи бехатарӣ, тоскулоҳ
VI. Маълумот оид ба воситаи нақлиёт
а Тавсифномаи воситан нақлиёт:
1 - мавҷуд будани ядак, мотоароба
2 - автомобили "таксӣ"-и давлатӣ
3 - автомобили сабукрави шахсие, ки ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст (таксӣ)
4 - автомобили мусофиркашонӣ (автобуси хурд), ки барои кашонидани то 8 одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва бо шахси ҳуқуқӣ шартнома дорад
5 - автомобили мусофиркашони (автобуси хурд), ки барои кашонидани аз 8 то 15 одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва бо шахси ҳуқуқӣ шартнома дорад
6 - автомобили мусофиркашонӣ (автобус), ки барои кашонидани зиёда аз 15 одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва бо шахси ҳуқуқӣ шартнома дорад
7 - автомобили (боркаши) барои мусофиркашонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда
8 - автомобили кашонандаи борҳои хавфнок
9 - авомобили кашонандаи борҳои калонҳаҷм
б Носозиҳои техникии воситаи нақлиёт, ки ба рух додани ҲРН мусоидат намудааст
1 - тормоз ва тормози дастӣ
2 - ҷиҳозоти рул
3 - чархҳо (дармондан, кандашавӣ)
4 - шина (даридан, хурдашавии дандонаҳои шина)
5 - асбобҳои равшанидиҳандаи рӯшноиишоратӣ
6 - дастгоҳи васлкунӣ
7 - унсурҳои дигари конструксия
8 - нуқсони завод
Ҷойгиршавии рул: аз тарафи рост-1, аз тарафи чап-2
VIII. Маълумот оид ба зарардидагон
1 - ронанда
2 - мусофир
3 - пиёдагард
4 - дучархарон (велосепидрон)
5 - аробакаш
6 - иштирокчиёни дигар