Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2008, № 359 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 07.05.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 7.05.2018 № 1058)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам (Фармони Президенти ҶТ аз 7.05.2018 № 1058):

1. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 7.05.2018 № 1058).

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии қароргоҳи мазкурро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.05.2018 № 1058).

3. Хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 7.05.2018 № 1058).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 3 январи соли 2008 № 359

ш. Душанбе

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи "Сайёд"-и ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон"

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Муассисаи давлатии "Қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи "Сайёд"-и ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон" таъсис дода шавад.

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Қароргоҳи мазкурро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал намояд.

3. Ба сархати дуюми банди 4 Оинномаи Идораи хоҷагии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2002 № 898 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи штатии он" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

Муассисаи давлатии "Қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи "Сайёд"-и ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон"

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. Раҳмонов

аз 3 январи соли 2008 № 359

ш. Душанбе