Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 маи соли 1999 № 188
тасдиқ шудааст
Дастурамал дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохти андози замин
1. Муқарроти умумӣ
1. Дастурамали мазкур аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
2. Пардохтгарони андози замин истифодабарандагони замин - шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қитъаҳои замин ҷиҳати истифодабарии бемӯҳлат ё истифодаи ворисонаи умрбод ба номи онҳо қайд шудаанд, мебошанд.
3. Андози замин бо назардошти таркиби киштзор, сифати онҳо ва ҷойгиршавии қитъаи замин, арзёбии кадастрии замин, тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.
4. Асноди заминию кадастрии истифодабарандаи замин - асоси муайян намудани меъёри андози замин маҳсуб мебошад.
5. Ҳаҷми андози замин аз натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандаи замин вобаста нест ва ба тарзи пардохти устувор барои вохиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
II. Меъёрҳои андози замин
6. Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои андози замини шаҳрҳо ва шаҳракҳо ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кӯлоб - 30000 рубл аз як гектар (3 рубл аз як метри квадратӣ);
дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳри Хоруғ - 20000 рубл аз як гектар (2 рубл аз як метри квадратӣ);
дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои тобеи ноҳияҳо -15000 рубл аз як гектар (1,5 рубл аз як метри квадратӣ).
Масоҳати андозбандишавандаи андози замин - масоҳати зери сохтмон, иморату биноҳо ва қитъаҳое, ки барои нигоҳубини онҳо заруранд, инчунин мавзеъҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, мавзеъҳои техникӣ ва ғайра банд шудаанд, дарбар мегирад.
7. Меъёри миёнаи андоз аз як гектар замин тибқимавзеъҳои кадастри ва шаклҳои киштзор берун аз ҳудуди шаҳрҳо ва шаҳракҳо ба андозаҳои зерин муқарар карда мешаванд:
Ҷадвал
(ба ҳисоби рубл ба як гектар)
+---------------+--------------+---------+-------------+-------------ҷ
|Номгуи мин- |Заминхои кишт |Чарогох |Рох, кучахо, |Гайр аз за- |
|такаи кадастри |ва дарахтзор- |ва алаф- |иморати |минхое, ки |
| |хои бисёрсола |зорхо |чамъияти |дар сохаи ки-|
| |: оби, лалми | |бешахо, май- |шоварзи исти-|
| | | |донхо, ка- |фода намеша- |
| | | |налхо, чуй- |ванд |
| | | |хо ва зах- | |
| | | |бурхо | |
+---------------+--------------+---------+-------------+-------------+
| Ленинобод | 8311/635 | 84 | 642 | 88 |
+-Т-------------+--------------+---------+-------------+-------------+
| Ҳисор | 8854/1578 | 146 | 491 | 63 |
+-Ч-------------+--------------+---------+-------------+-------------+
| Ғарм | 7169/2169 | 146 | 327 | 38 |
+-Р-------------+--------------+---------+-------------+-------------+
| Кӯлоб | 9271/1775 | 262 | 466 | 63 |
+--Р------------+--------------+---------+-------------+-------------+
| Вахш | 12880/1324 | 115 | 781 | 101 |

| ВМКБ (бе мин- | | | | |
| тақаи Мурғоб) | 2515/1324 | 71 | 277 | 38 |
+--------Т-Р----+--------------+---------+-------------+-------------+
| Дар ҷумҳурӣ | 10000/1324 | 146 | 454 | 49 |
| | | | | |

8. Тибқи муқаррароти Кодекси андози ҷумҳурӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, коэффисиенти зиёднамоии меъёрҳои андози заминро бо қабули санади қонунӣ муқаррар намояд.
9. Меъёри миёнаи андози замин дар ноҳияҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1998 № 313 тасдиқ шудааст.
III. Мӯҳлати пардохти андози замин
10.Мӯҳлати пардохти маблағи андози заминҳое, ки дар банди 6 Дастурамали мазкур нишон дода шудааст, на дертар аз рӯзи 15-уми моҳҳои март, июн, сентябр ва декабр муайян шудааст. Ҳаҷми пардохтҳо дар ин санаҳо бояд аз ҳаҷми чоряки маблағи солона кам набошад.
11. Мӯҳлати пардохти маблағи андози заминҳое, ки дар бандн 7 Дастурамали мазкур нишон дода шудааст на дертар аз рӯзи 15-уми моҳҳои октябр ва декабр муайян шудааст ва ҳаҷми пардохт бояд дар санаҳои номбаршуда, на камтар аз нисфи ҳаҷми маблағи солонаро ташкил намояд.
12. Мӯҳлати пешниҳод намудани ҳисоби андоз 1-уми марти соли минбаъда, пас аз соли ҳисоботӣ мебошад. Ҳисобҳо ба мақомоти андози дар мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замин пешниҳод карда мешавад.
Мисоли 1: Корхона дар ноҳияи Октябри ш.Душанбе 15 га ва дар ноҳияҳои Конибодом 1 га (берун аз ҳудуди шаҳри Конибодом, иморати ҷамъиятӣ) замин дорад.
Андозсупорандаи мазкур чунин ҳисоби андози заминро, ки мебояд пардозад, ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд:
а) ба Нозироти андоз дар ноҳияи Октябри ш.Душанбе
30000 рубл х 15 га =450000 рубл;
б) ба Нозироти андоз дар ш.Конибодом
642 рубл х 1 га = 642 рубл
Ҷамъ: 450642 рубл (450000+642)
Мисоли 2: Колхози ноҳияи Хуҷанд ҷиҳати истифодабари 1000 га замини обӣ, 20 га замини лалмӣ ва 600 га чарогоҳу алафдарав дорад.
Барои муайян намудани меёри андози замин, ки андозсупоранда мебояд пардозад, чунин амалро анҷом медиҳем: тибқи муқаррароти банди 7-и Дастурамали мазкур ва меъёрҳои миёнаи андози замин дар ноҳияҳо, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар шудаанд, колхоз бояд чунин ҳисобро пешниҳод намояд:
барои заминҳои обӣ - 8310 рубл/га, заминҳои лалмӣ - 648 рубл/ га, чарогоҳ ва алафдарав - 84 рубл/га =8373360.
IV. Имтиёзҳо
13.Мутобиқи моддаи 234 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замин инҳо озод мебошанд:
ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои дендрологӣ ва боғҳои миллӣ, боғҳои ботаникӣ;
қитъаҳои замине, ки бевосита барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин барои озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангалпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кишоварзӣ ё таълимии ҷангалпарварӣ истифода бурда мешаванд;
қитьаҳои замине, ки бевосита барои тухмпарварӣ ва навъниҳолпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмпарвар ва навъниҳолпарвар истифода бурда мешаванд;
заминҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ, бонки Миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он истифода бурда мешаванд;
замини ташкилотҳои, ки дар онҳо биноҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо истифодашаванда, аз тарафи давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ муҳофизат карда мешаванд;
заминҳои вайроншудае, ки (бояд рекултиватсия шаванд) барои истифодабарӣ супорида шудаанд ва заминҳое, ки дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба мӯҳлати панҷ сол аз лаҳзаи гирифтани онҳо (оғози азхудкунӣ);
заминҳои аз нав коркардшавандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба мӯҳлати панҷ сол ва заминҳои азхудкардашудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба мӯҳлати як соли баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;
заминҳое, ки ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда ҷудо карда шудаанд;
заминҳое, ки ба маъюбони тамоми категорияҳо, дар сурати набудани узви қобили корӣ дар оила ҷудо карда шудаанд;
заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тӯли сарҳади давлатӣ қарор доранд;
заминҳои истифодаи умумии нуқтаҳои аҳолинишин ва хоҷагии коммуналӣ;
заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярч, дарьёҳо ва кӯлҳо воқеъ мебошанд;
заминҳои захираи озоди давлатӣ;
заминҳое, ки бо роҳҳои автомобилии истифодаи умум ва роҳҳои оҳан, инчунин бо объектҳои давлатии таъмини об ва иншооти обӣ ишғол шуданд;
заминҳое, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, инчунин барои таъмини муҳофизат ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.
V. Тартиби дарҷ намудани амалиётҳои ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз замин дар ҳисоботи муҳосибавии андозсупоранда
14.Дар ҳолати ҳисоб намудани маблағи андози замин, андозсупоранда дар ҳисоботҳои муҳосибавӣ чунин навиштаҷотҳоро амалӣ менамояд:
Дт ҳисоби N 80 -Кт ҳисоби N 68
15.Дар ҳолати пардохт намудани маблағи андози замин бояд чунин навиштаҷот дар ҳисоботи муҳосибавӣ гузаронида шавад:
Дт ҳисоби N 68-Кт ҳисоби N 51 ё N 50
VI. Тартиби назорати баҳисобгирии андози замин ва дурустии ҳисоб намудан ва пардохтани он
16. Мақомоти андоз бақайдгирии пардохтгарони андозро таъмин намуда, дурустии эъломияҳои андоз ва саривақтии пардохти маблағҳои андозро назорат менамоянд. Маблағҳои ҳисоб карда шуда ва пардохт гардидаи андози замин аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи дастурамалҳо доир ба ин масъалаҳо анҷом дода мешаванд.
17. Ҳисоботҳои ҷамъбастӣ доир баҳисобгирии пардохтгарон ва ҳисоб кардани маблағи андози замин ба мақомоти андози болоӣ мутобиқи муқаррароти дастурҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала пешниҳод карда мешавад.
18. Санҷиши пешакӣ (дар мақомоти андоз) аз ҷониби нозирони андоз аз рӯи эъломияҳои андоз дар лаҳзаи гирифтани онҳо гузаронида мешавад.
19. Санҷиши ҳуҷҷатии ҳисобҳои зикршуда андози замин на камтар аз як маротиба дар ду сол бевосита дар маҳалҳо, яъне дар корхонаҳо ва ҷои зисти шахсони воқеӣ гузаронида мешавад.
20. Ҳисобу китоби андоз дар мақомоти андоз аз рӯи тартиби муқаррар намудаи дастурамалҳои Кумитаи андоз доир ба ин маъсала анҷом дода мешавад.
21. Тартиби таҳияи гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатӣ ва тартиби қабули қарори мақомоти андоз аз рӯи натиҷаи санҷиш дар нишондодҳои дастурии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфтаанд.
22. Масъулияти пардохтгарони андози замин мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.