Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2026,
№ 449Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон (минбаъд – Қоидаҳои мазкур) тартиби пайваст кардани дастгоҳҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шабакаҳои барқӣ, шартҳои истифодабарии он, баҳисобгирӣ ва пардохти энергияи барқи истеҳсолшуда, талабот ва қоидаҳои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шартҳои ба истифодадиҳӣ ва муносибати байни истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (минбаъд – МБЭ) ва ташкилотҳои таъминкунандаи энергияи барқ ва механизмҳои баҳисобгирию пардохти энергияи барқи истеҳсолшударо танзим менамоянд.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- истифодабарандаи фаъол (истеҳсолкунанда – истифодабаранда) – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки вазифаи асосии он истеҳсоли энергияи барқ барои эҳтиёҷоти худӣ буда, дар баробари ин дар моликияти худ дастгоҳи истеҳсолкунандаи энергия аз МБЭ-ро дорад ва имконият дорад, ки тибқи шарту талаботи муқарраргардида энергияи барқи зиёдатии ҳосилшударо ба шабакаҳои барқ интиқол диҳад. Қоидаҳои мазкур, аз ҷумла, нисбат ба истифодабарандагони фаъоле татбиқ мегарданд, ки иқтидори насбшудаи таҷҳизоти истеҳсолкунандаи онҳо на зиёда аз 15 кВт буда, чунин дастгоҳ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишӣ ё тиҷоратии худи онҳо истифода мешаванд;
- ташкилоти таъминкунандаи энергияи барқ – субъекти энергияи барқӣ, ки энергияи барқро тавассути шабакаҳои барқии худ интиқол медиҳад ва ё тақсим мекунад. Вобаста ба сатҳи шиддат субъектон ба оператори шабакаҳои интиқол-ташкилоте, ки шабакаҳои магистралии баландшиддати барқро (шабакаи интиқол) истифода мебарад ва оператори шабакаҳои тақсимотӣ - ташкилоте, ки шабакаҳои тақсимоти миёна ва пастшиддати барқро истифода мебарад, ки истифодабарандагонро бо энергияи барқ таъмин менамояд, тақсим мешаванд. Ташкилотҳои таъминкунандаи энергияи барқ барои кори боэътимоди шабакаҳои барқии худ ва ба онҳо пайваст кардани манбаъҳо ва истифодабарандагони нав дар асоси бе табъиз масъуланд;
- оператори системавӣ - хадамоти диспетчерии низоми энергетикӣ, ки назорати оперативию диспетчерии идоракунии реҷаҳои истеҳсол ва истифодаи энергияи барқро, аз ҷумла назорати ҷараёни барқро дар шабакаҳои интиқол ва ҳамоҳангсозии сарчашмаҳои истеҳсоли энергияи барқро амалӣ менамоянд;
- харидори ягона – ташкилоти ваколатдор, ки энергияи барқро аз ҳама истеҳсолкунандагон (аз ҷумла аз истеҳсолкунандагони МБЭ) мутамарказ мехарад ва баъдан онро ба шабакаҳои барқи барои барқтаъминкунии истифодабарандагон мефурӯшад. Дар Қоидаҳои мазкур харидори ягона ташкилоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, ки дар доираи модели харидори ягона ба сифати харидори ягонаи энергияи барқ баромад мекунад, фаҳмида мешавад. Харидори ягона бо истеҳсолкунандагони энергияи барқароршаванда шартномаҳои хариду фурӯши энергияи барқро, ки шакли намунавии он ба Қоидаҳои мазкур замима мегардад (замимаи 1), ба имзо мерасонад ва барои барқи харидашуда пардохтҳоро анҷом медиҳад;
- шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба МБЭ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби ташкилоти таъминкунандаи энергияи барқ ба аризадиҳанда (истеҳсолкунандаи энергияи аз МБЭ истеҳсолшаванда ё истифодабарандаи фаъол) дода шудааст, ки талаботҳои техникӣ ва чорабиниҳоро барои пайваст кардани таҷҳизоти мушаххаси МБЭ-ро ба шабакаҳои барқ муайян мекунад;
- баҳисобгирии холис – тартиби ҳисоббаробаркунӣ, ки тибқи он ҳаҷми энергияи барқи аз ҷониби истифодабарандаи фаъол истеҳсол ва ба шабакаи тақсимотӣ додашуда аз ҳаҷми энергияи барқе, ки ӯ аз шабака истифода намудааст, тарҳ карда мешавад. Ҳангоми баҳисобгирии холис, ҳисобкунаки дуҷониба ҳам ҳаҷми энергияи ба шабакаи барқӣ додашуда ва ҳам ҳаҷми энергияи барқи аз шабака истифодашударо инъикос мекунад. Истеҳсоли барқи зиёдатӣ дар як давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби истифода дар давраи минбаъда ҳисоб карда мешавад ё аз рӯйи тарифи мувофиқашуда ҷуброн карда мешавад;
- биллинги холис – механизми баҳисобгирӣ, ки дар он энергияи барқи зиёдатии аз ҷониби истеҳсолкунандагони энергия аз МБЭ-и истифодабарандагони фаъол ба шабакаи барқӣ бо тарифи пешакӣ муайяншуда фурӯхта мешавад. Ҳангоми биллинги холис ҳаҷми энергияи барқе, ки ба шабакаи барқӣ дода мешавад, мустақиман аз истифода тарҳ карда нашуда, балки бо ифодаи пулӣ ҳисоб карда мешавад. Барои киловатт-соатҳои додашуда ба истеҳсолкунанда мувофиқи тарифи харид маблағ ҳисоб карда мешавад, ки баъдан ё пардохт карда мешавад ё баръакс аз ҳисоби энергияи барқе, ки ӯ аз шабакаи барқи истифода намудааст (аммо бо ҳисоби алоҳида), ҷуброн карда мешавад. Биллинги холис имкон медиҳад, ки арзиши тиҷоратии энергияи барқи зиёдати дақиқ ба ҳисоб гирифта шавад ва он барои дастгоҳҳои иқтидори бештар ё дар ҳолатҳое, ки тарифи хариди энергияи барқ аз МБЭ алоҳида муқаррар карда шудааст, истифода бурда мешавад;
...