ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара» таъсис дода шавад.
2.Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара»-ро ҳал намояд;
- якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара»-ро муайян намояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара»-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар соли 2025 пешбинишуда амалӣ намояд.
3.Ба замимаи 4 «Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷмкистон» тасдиқ шудааст, сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ворухи шаҳри Исфара»».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 3 июни соли 2025, № 342
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О создании Государственного учреждения «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара»
В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара».
2. Министерству транспорта Республики Таджикистан:
- в установленном порядке в течение двух месяцев решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара»;
- совместно с Исполнительным органом государственной власти города Исфара Согдийской области по согласованию с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан определить месторасположение Государственного учреждения «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара»;
- по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан осуществлять финансирование Государственного учреждения «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара» за счет средств республиканского бюджета, предусмотренных для содержания автомобильных дорог в 2025 году.
3.Приложение 4 «Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта Республики Таджикистан», утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2011 года, №250 «О Министерстве транспорта Республики Таджикистан», дополнить четвёртым абзацем следующего содержания:
«Государственное учреждение «Содержание автомобильных дорог в зоне Ворух города Исфара»».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 3 июня 2025 года №342