Низомномаи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» аз 25 июни соли 2024, № 369

Санаи амалкуни: 25.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

дар таҳрири нав тасдиқ шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2026 № 412)


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» июни соли 2024, № 369

Низомномаи Шурои директорон (Шурои нозирон)-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Низомномаи Шурои директорон (Шурои нозирон)-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» (минбаъд - Низомнома) тартиби таъсис ва фаъолияти Шурои директорон (Шурои нозирон)-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» (минбаъд - Ҷамъият)-ро муайян менамояд.

2.Шурои директорон (Шурои нозирон)-и Ҷамъият (минбаъд - Шурои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, бо мақсади таъмини роҳбарии стратегӣ, идоракунии хавфҳо ва назорати самараноки фаъолияти мақоми иҷроияи Ҷамъият таъсис дода шудааст.

3.Шурои нозирон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва ҳамин Низомнома фаъолияти худро амалӣ менамояд.

2.ТАЪСИСИ ШУРОИ НОЗИРОН

4.Шурои нозирон ва Низомномаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассиси Ҷамъият дар ҳайати 9 (нуҳ) нафар таъсис ва тасдиқ мегардад.

5.Ҳайати шуморавии Шурои нозирон дар асоси Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва меъёрҳои миллии идоракунии корпоративӣ муайян мегардад.

...
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» июни соли 2024, № 369

Низомномаи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барнома3ҳои рақамӣ» (минбаъд - Низомнома) мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои Шурои нозирон, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» (минбаъд - Ҷамъият), инчунин тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои онро муайян менамояд.

2. Шурои нозирони Ҷамъият (минбаъд – Шурои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

3. Шурои нозирон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва ҳамин Низомнома фаъолияти худро амалӣ менамояд.

2. ТАЪСИСИ ШУРОИ НОЗИРОН

4. Шурои нозирон аз тарафи Муассиси Ҷамъият дар ҳайати 9 (нуҳ) нафар таъсис дода мешавад.

5. Бо қарори Муассиси Ҷамъият ваколатҳои аъзои Шурои нозирон метавонанд пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд.

6. Узви Шурои нозирон метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад ва метавонад саҳмдори Ҷамъият набошад.

7. Шахсоне, ки ба ҳайати Шурои нозирон дохил шудаанд, метавонанд ба таври номаҳдуд якчанд маротиба ба аъзогии Шурои нозирон интихоб шаванд.

8. Аъзои Шурои нозирон аз ҳисоби саҳмдорони Ҷамъият ва шахсони дигар интихоб карда мешаванд.

9. Шахсе, ки дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодию молиявӣ ё ҷиноятҳои муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва хизмат дар мақомоти идоракунии маҳаллӣ гунаҳкор дониста шудааст ва ё нисбати ӯ ҷазоҳои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дар соҳаи молия, андозу хироҷ ва бозори коғазҳои қиматнок татбиқ шудаанд, ба ҳайати Шурои нозирон дохил карда намешаванд.

10. Узви комиссияи тафтишотӣ дар як вақт узви Шурои нозирон буда наметавонад.

11. Аъзои мақоми иҷроияи Ҷамъият наметавонанд зиёда аз чор як ҳиссаи ҳайати Шурои нозиронро ташкил диҳанд.

12. Шумораи номзадҳое, ки барои интихоб ба ҳайати Шурои нозирон пешниҳод шудаанд, метавонад аз шумораи аъзои Шурои нозирон, ки дар Оинномаи Ҷамъият пешбинӣ шудааст, зиёд бошад.

13. Пешниҳод дар бораи пешбарии номзадҳо дар шакли хаттӣ бо зикри маълумоти зерин манзур мегардад:

- насаб, ном ва номи падари ҳар як номзади пешниҳодшуда ва санаи таваллуди ӯ;

- номи мақоме, ки барои тасдиқ дар он номзад пешбарӣ шудааст (дар айни замон – Шурои нозирон);

- номгӯй (ном)-и саҳмдорон (саҳмдор), ки номзадро пешбарӣ намудаанд (намудааст);

- маълумот дар бораи таҳсилот, аз ҷумла дар хусуси такмили ихтисос (номи муассисаи таълимӣ, санаи хатм, ихтисоси гирифташуда);

- ҷойи кор ва вазифаҳое, ки номзад дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол намудааст, инчунин вазифаҳое, ки номзад дар мақомоти идоракунии шахсони дигари ҳуқуқӣ дар давоми 5 (панҷ) соли охир ишғол кардааст;

- рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки номзад намояндаи онҳо мебошад, бо зикри миқдори саҳмияҳо дар сармояи оинномавӣ ва саҳму ҳиссаи онҳо;

- рӯйхати шахсоне, ки номзад нисбати онҳо шахси бонуфуз мебошад ва асосҳои он;

- муносибати номзад бо шахсони бонуфуз ва контрагентҳои калони Ҷамъият, маълумот дар бораи бонуфузӣ бо Ҷамъият;

- маълумот дар бораи мавҷудияти доғи судӣ ва ҷазои маъмурии бекорнашуда.

14. Пешниҳод дар хусуси пешбарии номзадҳо метавонад розигии номзадро барои тасдиқшавӣ дар бар гирад.

15. Номзад ба узвияти Шурои нозирон ҳуқуқ дорад номзадии худро то лаҳзаи ворид шудани насабаш ба рӯйхати дахлдори номзадҳо бозпас гирад.

16. Бо қарори Муассиси Ҷамъият ваколатҳои Шурои нозирон мумкин аст пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд. Дар ин маврид қарори Муассис дар хусуси пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳо нисбати ҳамаи аъзои Шурои нозирон қабул шуда метавонад.

17. Дар сурати ба тариқи яктарафа даст кашидан аз ваколатҳо, узви Шурои нозирон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият бар дӯш дорад. Узви Шурои нозирон дар хусуси тасмими худ бобати пеш аз муҳлат даст кашиданаш аз ваколатҳои узви Шурои нозирон, бояд ба таври хаттӣ раиси Шурои нозиронро огоҳ намояд.

18. Хароҷоти сафари хизматии аъзои Шурои нозирон, ки ба фаъолияти он вобаста мебошад, аз ҳисоби Ҷамъият пардохт карда мешавад.

3. РАИСИ ШУРОИ НОЗИРОН

19. Раиси Шурои нозирон ба ташкили фаъолияти Шурои нозирон роҳбарӣ мекунад.

20. Раиси Шурои нозирон дар асоси қарори Муассиси Ҷамъият тасдиқ карда мешавад.

21. Шахсе, ки вазифаи директори генералии Ҷамъиятро иҷро мекунад, ҳамзамон раиси Шурои нозирон буда наметавонад.

22. Раиси Шурои нозирон ваколатҳои зеринро дорад:

- кори Шурои нозиронро ташкил карда, барои озодона изҳор намудани андешаҳо аз тарафи аъзои Шурои нозирон ва муҳокимаи озоди масъалаҳои рӯзнома шароит фароҳам меорад;

- маҷлисҳои Шурои нозиронро даъват менамояд, рӯзномаи маҷлисҳоро тасдиқ мекунад, шакли гузаронидани маҷлисҳои Шурои нозиронро муайян сохта, дар онҳо раисӣ мекунад;

- дар маҷлисҳо пешбурди протоколҳои ҷаласаҳоро ташкил намуда, онҳоро ба имзо мерасонад;

- аз номи Ҷамъият шартномаи меҳнатиро бо директори генералии Ҷамъият ба имзо мерасонад;

- қабули қарорҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳои Шурои нозирон таъмин менамояд;

- кори таъсиси кумитаҳои Шурои нозирон, пешбарии аъзои Шурои нозирон ба ҳайати кумитаҳо ташкил менамояд, инчунин ҳамоҳангии фаъолияти якљояи кумитаҳоро байни якдигар ва бо мақомоти дигару шахсони мансабдори Ҷамъият ба роҳ мемонад;

- бо дигар мақомот ва шахсони мансабдори Ҷамъият ҳамкории доимиро роҳандозӣ менамояд;

- ҳисоботи директори генералии Ҷамъиятро қабул мекунад;

- ҳисоботи баҳодиҳии фаъолияти солонаи Шурои нозиронро барои дохил намудани он ба ҳисоботи солонаи Ҷамъият таҳия менамояд.

23. Дар мавриди набудани раиси Шурои нозирон вазифаҳои ӯро тибқи қарори Шурои нозирон, ки бо аксари овозҳои аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи он қабул мегардад, яке аз аъзои Шурои нозирон иҷро менамояд.

4. ВАКОЛАТИ ШУРОИ НОЗИРОН

24. Ба ваколати Шурои нозирон иловатан ба ваколатҳое, ки дар Оинномаи Ҷамъият дарҷ карда шудааст, масъалаҳои зерин дохил мешаванд:

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият;

- ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- харидорӣ намудани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани андозаи суди саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;

- муқаррар намудани нарх (арзиши пулӣ)-и молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи маҳфуздорандаи феҳристи Ҷамъият ва шартҳои шартномаи бо ӯ басташуда, инчунин бекор кардани шартнома;

- шунидан ва баррасӣ намудани ҳисоботи директори генералии Ҷамъият оид ба фаъолияти Ҷамъият (аз ҷумла оид ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аз тарафи он) ва иҷрои қарорҳои Муассиси Ҷамъият;

- тасдиқи тартиби ҳамкории Ҷамъият бо ташкилотҳое, ки Ҷамъият дар фаъолияти онҳо иштирок менамояд;

- тасдиқ намудани номзадии нархгузор (нархгузорон)-и мустақил барои муайян кардани арзиши саҳмияҳо, молу мулк ва дороиҳои дигари Ҷамъият дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва қарорҳои ҷудогонаи Шурои нозирон;

- қаблан маъқул донистани шартномаи дастаҷамъӣ ва созишномаҳое, ки аз тарафи Ҷамъият дар доираи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баста шудаанд;

- қабули қарор дар бораи пешбарӣ намудани директори генералии Ҷамъият барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ;

- муайян намудани арзиши аҳдҳое, ки ҳамчун аҳдҳои калон шуморида мешаванд, инчунин маъқул донистани онҳо;

- тасдиқи низомномаҳо дар бораи идоракунии хавфҳо, дар бораи сиёсати иттилоотӣ, дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар бораи феҳристи иттилооте, ки дорои сирри тиљоратӣ ва хизматӣ мебошад, дар бораи расмиёт (қоидаҳо)-и назорати дохилӣ аз болои фаъолияти молиявию хоҷагӣ, дар бораи санадҳои дохилии дигари Ҷамъият, ба истиснои санадҳои дохилӣ, ки тасдиқи онҳо тибқи Оинномаи Ҷамъият ба салоҳияти Муассис ё мақомоти иҷроияи Ҷамъият дохил мешаванд;

- интихоби котиби идоравӣ ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои ӯ;

- тасдиқи низомнома дар бораи котиби идоравӣ, ки фаъолияти котиби идоравиро муайян менамояд;

- масъалаҳои дигаре, ки ҳалли онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур ба ваколати Шурои нозирон дохил шудааст.

25. Масъалаҳое, ки ба ваколати Шурои нозирон дохил мешаванд, наметавонанд барои ҳаллу фасл ба мақоми иҷроияи Ҷамъият супорида шаванд.

26. Аъзои Шурои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият амал намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият софдилона татбиқ намоянд.

5. МАҶЛИСҲОИ ШУРОИ НОЗИРОН

27. Маҷлисҳои Шурои нозирон аз рӯйи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як се моҳ гузаронида мешаванд.

28. Маҷлисҳои Шурои нозирон аз тарафи раиси Шурои нозирон (ё яке аз аъзои Шурои нозирон)-и бо ташаббуси ӯ ё бо дархости аъзои Шурои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ва мақоми иҷроияи Ҷамъият даъват карда мешавад.

29. Дархост аз ҷониби узви Шурои нозирон - ташаббускори даъвати маҷлис, мақоми иҷроияи Ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотӣ, аудитори Ҷамъият ё шахси намояндагикунандаи саҳмдорон, ки даъвати маҷлисро талаб менамоянд, имзо карда мешавад.

30. Дар дархост бояд чунин маълумот зикр карда шавад:

- дар бораи ташаббускори даъвати маҷлис;

- оид ба мақсади гузаронидани маҷлис.

31. Раиси Шурои нозирон дар давоми на дертар аз 30 (сӣ) рӯз аз санаи пешниҳоди дархост бояд маҷлиси Шурои нозиронро даъват намояд.

32. Дар ҳолати беасос рад кардан ё имконияти даъвати маҷлиси Шурои нозиронро надоштани раис, маҷлис метавонад аз љониби ҳар кадом узви Шурои нозирон даъват карда шавад.

33. Огоҳинома дар бораи рӯз, маҳал ва вақти баргузории маҷлиси Шурои нозирон бо зикри рӯзномаи маҷлис ва тартиби шиносшавӣ бо маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур аст, бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё ба ҳар як узви Шурои нозирон ва ташаббускори гузаронидани маҷлис супорида мешавад, агар маҷлис бо дархости шахсони дар банди 29 Низомнома номбаршуда на дертар аз 30 (сӣ) рӯз то санаи гузаронидани маҷлис баргузор шавад. Санаи ирсоли огоҳинома аз рӯйи муҳри почта ё санаи супоридани огоҳинома муайян карда мешавад.

34. Маҷлиси якуми Шурои нозирон бояд на дертар аз 1 (як) моҳ баъди таъсиси Шурои нозирон гузаронида шавад.

35. Ба рӯзномаи маҷлиси якуми Шурои нозирон ҳатман бояд масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

- интихоби котиби идоравии Шурои нозирон;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷамъият.

36. Барои гузаронидани маҷлиси Шурои нозирон котиби идоравии Шурои нозирон ва мақоми иҷроияи Ҷамъият бояд маълумоти пурра омода намоянд.

37. Иттилооти зарурӣ барои гузаронидани маҷлиси Шурои нозирон бояд дорои чунин маълумот бошад:

- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Ҷамъият, ки аз тарафи мақоми иҷроияи Ҷамъият таҳия шудаанд;

- иттилооти пурраи молиявӣ;

- протокол ва тавсияҳои маҷлиси қаблан гузаштаи Шурои нозирон;

- маълумот дар бораи самаранокии истеҳсолот дар Ҷамъият;

- ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ;

- ҳисобот оид ба хароҷоти гузаронидашуда.

38. Кворум (шумораи зарурии иштироккунандагон) барои гузаронидани маҷлиси Шурои нозирон бояд на камтар аз нисфи аъзои Шурои нозиронро ташкил диҳад.

39. Аз тарафи узви Шурои нозирон ба шахси дигар, аз ҷумла ба узви дигари Шурои нозирон додани ҳуқуқи овоз манъ аст.

40. Ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлиси Шурои нозирон ҳар аъзои Шурои нозирон танҳо як овоз дорад. Дар ҳолати баробарии овозҳо зимни гузаронидани овоздиҳӣ, овози раисикунандаи маҷлис ҳалкунанда мебошад.

41. Қарорҳои Шурои нозирон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият ва Низомномаи мазкур бо аксарияти овозҳои аъзои Шурои нозирон, ки дар овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳии ғоибона иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.

42. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳде, ки дар иҷрои он манфиат вуҷуд дорад, мутобиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз ҷониби Шурои нозирон бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.

43. Пешниҳоди таклиф дар бораи таъин ва қатъ намудани ваколатҳои мақоми иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар тибқи Оинномаи Ҷамъият ин ба салоҳияти Шурои нозирон тааллуқ дошта бошад, аз тарафи Шурои нозирон бо аксари овозҳои аз чор се ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштироккунандаи Шурои нозирон, қабул мегардад.

44. Қарорҳо дар бораи аз тарафи Ҷамъият паҳн намудани вомбаргҳо, ба истиснои вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилдодашуда аз ҷониби ҳамаи аъзои Шурои нозирон якдилона қабул гардида, дар ин маврид овозҳои аъзои хориҷгардидаи Шурои нозирон ба ҳисоб гирифта намешаванд.

45. Қарор дар бораи тасдиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо директори генералии Ҷамъият бо аксарияти овозҳои аъзои Шурои нозирон, ки дар овоздиҳӣ ширкат меварзанд, қабул мегардад.

46. Қарорҳои Шурои нозирон метавонанд дар маҷлисҳо дар шакли иштироки якҷоя ё иштироки якҷоя бо дарназардошти андешаҳои аъзои ҳузурнадоштаи Шурои нозирон, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ, инчунин бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона қабул карда шаванд.

47. Огоҳкунӣ дар бораи гузаронидани маҷлиси Шурои нозирон бо тартиби пешбининамудаи банди 33 Низомнома сурат мегирад.

48. Огоҳинома дар бораи гузаронидани маҷлис аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якуми огоҳинома бояд чунин маълумот зикр карда шавад:

- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли ҷойгиршавии он;

- сана, маҳал ва вақти баргузории маҷлис;

- рӯзномаи маҷлис;

- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва маълумоте, ки барои омодагӣ ба маҷлис зарур мебошанд ё рӯйхати маводди ба огоҳинома замимашаванда.

49. Қисми дуюми огоҳинома бояд чунин маълумотро дар бар гирад:

- суроғаи почтавие, ки ба он андешаи хаттиро фиристодан мумкин аст;

- санаи анҷоми қабули андешаҳо, ки дар шакли хаттӣ баён шудаанд;

- мазмуни қарорҳо аз рӯйи ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;

- намудҳои овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: «тарафдор», «зид», «бетараф»;

- ҷой барои баёни андешаи хаттии аъзои Шурои нозирон оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис;

- ҷой барои имзои аъзои Шурои нозирон бо зикри ҳатмӣ будани ин имзо.

50. Қисми дуюми огоҳинома мумкин аст бо мактуби фармоишӣ ё тавассути номарасон ба Шурои нозирон ирсол карда шавад.

51. Қарор дар бораи гузаронидани маҷлиси Шурои нозирон дар шакли овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси Шурои нозирон ё ташаббускорони гузаронидани маҷлиси ғайринавбатӣ қабул мегардад.

52. Овоздиҳии ғоибона оид ба масъалаҳои зерин гузаронида намешавад:

- тасдиқи самтҳои афзалиятноки фаъолият ва нақшаи молиявию хоҷагидории Ҷамъият;

- тасдиқи пешакии ҳисоботи солонаи Ҷамъият.

53. Бюллетенҳо барои овоздиҳии ғоибона аз ҷониби раиси Шурои нозирон имзо карда мешаванд. Иттилооти зарурӣ барои омодагӣ ба маҷлис бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шурои нозирон бо гирифтани имзои онҳо на дертар аз 10 (даҳ) рӯз то санаи баргузоршавии маҷлис супорида мешавад.

54. Санаи аз тарафи аъзои Шурои нозирон гирифтани бюллетен аз рӯйи муҳри почта ё санаи супоридани ин бюллетен муайян карда мешавад.

55. Дар бюллетен бояд чунин маълумотҳо нишон дода шаванд:

- номи пурраи расмии Ҷамъият ва маҳалли љойгиршавии он;

- мазмуни масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва қарорҳо аз рӯйи ҳар як масъала;

- намудҳои овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъала: «тарафдор», «зид», «бетараф»;

- маълумот оид ба тартиби шиносшавӣ бо мавод ва иттилооте, ки барои омодагӣ ба ҷаласа зарур мебошанд ё рӯйхати маводди ба бюллетен замимашаванда;

- суроғаи почтавие, ки бюллетенҳои пуркардашуда бояд ба он ирсол гарданд;

- санаи анҷоми қабули бюллетенҳо.

56. Аъзои Шурои нозирон, ки бюллетенҳояшон на дертар аз санаи муқарраршудаи анҷоми қабули бюллетенҳо гирифта шудаанд, дар овоздиҳӣ иштирокнамуда шуморида мешаванд.

57. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ ба аъзои Шурои нозирон дар муҳлати на дертар аз рӯзи таҳияи протокол оид ба натиҷаҳои овоздиҳӣ бо мактуби фармоишӣ ирсол мегардад ё шахсан ба аъзои Шурои нозирон бо гирифтани имзо супорида мешавад.

58. Андешаҳои хаттие, ки ҳангоми муайян намудани кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ ба назар гирифта мешаванд, дар мавриди қабули қарорҳо дар бораи маъқул донистани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки анҷом додани онҳо боманфиатанд, ба ҳисоб гирифта намешаванд.

6. ПРОТОКОЛ ВА ПАЙНАВИШТ (СТЕНОГРАММА)-И МАҶЛИСҲОИ ШУРОИ НОЗИРОН

59. Дар маҷлисҳои Шурои нозирон протокол бурда мешавад. Протоколи маҷлиси Шурои нозирони Ҷамъият аз тарафи раисикунандаи маҷлис ва котиби идоравӣ имзо карда мешавад.

60. Протоколи маҷлиси Шурои нозиронро котиби идоравии Шурои нозирон пеш мебарад ва он на дертар аз 3 (се) рӯзи баъди гузаронидани маҷлис тартиб дода мешавад. Ба протокол ҳамаи маводди дахлдор оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи Шурои нозирон замима мегарданд.

61. Дар сурати аз тарафи Шурои нозирон тариқи овоздиҳии ғоибона қабул намудани қарорҳо, ба протокол варақаҳои пурсишнома барои овоздиҳӣ, ки аз ҷониби аъзои Шурои нозирон имзо шудаанд, замима карда мешаванд.

62. Дар протоколи маҷлиси Шурои нозирон маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- маҳал ва вақти гузаронидани он;

- рӯйхати шахсони дар маҷлис иштирокнамуда;

- рӯзномаи маҷлис;

- масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда ва натиҷаҳои овоздиҳӣ;

- қарорҳои қабулшуда.

63. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шурои нозиронро ба комиссияи тафтишотӣ ва аудитори Ҷамъият, инчунин ба саҳмдор бо дархости онҳо пешниҳод менамояд.

64. Ҷамъият протоколҳои маҷлисҳои Шурои нозиронро дар маҳалли воқеъгаштаи мақоми иҷроияи он нигоҳ медорад.

65. Котиби корпоративии Шурои нозирон пешбурди пайнавишти маҷлисҳои Шурои нозиронро ташкил менамояд.

7. ВАЗИФАҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ ШУРОИ НОЗИРОН

66. Аъзои Шурои нозирон ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳо бояд ба манфиати Ҷамъият ва саҳмдорони он амал кунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро нисбат ба Ҷамъият ва саҳмдорони он софдилона татбиқ намоянд.

67. Аъзои Шурои нозирон барои фаъолияти самараноки Ҷамъият масъулият доранд.

68. Аъзои Шурои нозирон, ки зидди қарори ба Ҷамъият ва саҳмдорони он зарароварда овоз додаанд, масъулият бар дӯш надоранд.

69. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ аъзои Шурои нозирон бояд:

- ҳангоми қабули қарорҳои худ софдилона ба манфиати Ҷамъият амал кунанд;

- дар маҷлисҳо ва кори кумитаҳои Шурои нозирон, ки ба онҳо интихоб шудаанд, иштирок намоянд;

- тавзеҳот талаб намоянд ва саволҳои дақиқ диҳанд;

- Шурои нозиронро пешакӣ дар хусуси набудани имконияти иштирок дар маҷлиси Шурои нозирон огоҳ карда, сабаби иштирок накардани худро изҳор намоянд;

- қоидаву талаботи марбут ба бархӯрди манфиатҳоро риоя намоянд;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ туҳфаҳо, хизматҳо ё афзалиятҳоеро, ки ҳамчун подош барои қарорҳо ё амалҳои аз тарафи узви Шурои нозирон дар доираи ваколатҳои хизматии вай қабулшуда ё иҷрошуда дониста мешаванд, ба ғайр аз нишонаҳои рамзии ҳусни таваҷҷуҳ мутобиқи қоидаҳои пазируфташудаи одобу эҳтиром ё туҳфаҳои хотиравӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои расмӣ қабул накунанд;

- иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва иттилооти дигари хизматиро, ки ба узви Шурои нозирон ҳангоми иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастрасинадошта ифшо накунанд, инчунин онҳоро дар давраи иҷрои вазифаҳои узви Шурои нозирон ва дар муддати 5 (панҷ) соли баъди анҷоми кор дар Ҷамъият ба манфиати худ ё манфиати шахсони сеюм истифода набаранд;

- ҳамаи қоидаҳои дар санадҳои дохилиидоравии Ҷамъият пешбинишударо вобаста ба таъмини амният ва ҳифзи иттилооти махфии Ҷамъият риоя намоянд;

- сари вақт ба Шурои нозирон дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии Ҷамъият маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоянд.

70. Шурои нозирон дар назди Муассиси Ҷамъият ҳисоботдиҳанда буда, ҳамасола ба Муассиси Ҷамъият аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солонаи Ҷамъият ҳисобот пешниҳод менамояд.

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» июни соли 2024, № 369

Ҳайати Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»:


1. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тољикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - раиси Шурои нозирон

Аъзои Шурои нозирон:

2. Муовини Роҳбари Дастгоҳи иљроияи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон

3. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»