Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, № 558

тасдиқ карда шудааст

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, № 558

тасдиқ карда шудааст

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус, минбаъд Тарафҳо,

бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар асоси ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаи байни ду давлат бунёд ёфтаанд,

ба таҳким ва рушди робитаҳои мутақобилаи кории Тарафҳо,

мутобиқи қонунгузории амалкунандаи миллии ҳарду давлатҳо ва ӯҳдадориҳое, ки аз шартномаҳои байналмилалиашон бармеоянду иштирокчии онҳо маҳсуб меёбанд,

ба мувофиқаи зерин омаданд:

Моддаи 1

Тарафҳо мутобиқи қонунгузории миллӣ ҳамкориҳоро дар доираи ваколати худ оид ба масоили манфиати мутақобиладошта, инкишоф медиҳанд.

Моддаи 2

Мақсади ҳамкории Тарафҳо, дастгирии муносибати иқтисодии мавҷудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва тавсеаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.

...

Моддаи 3

Тарафҳо мубодилаи иттилооту таҷрибаро аз рӯи масоили дар ваколаташонбуда, ба монанди самтҳои сиёсати макроиқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорати хориҷӣ, иҷтимоӣ, рушд ва танзими соҳибкорӣ амалӣ менамоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо барои ноил шудан ба ахдофи Созишномаи мазкур дар ҳолатҳои зарурӣ нишасти намояндагони худро таъмин намуда, ташкили вохӯриҳои доираҳои намояндагон, баргузории конфронсҳои муштарак, бизнес-форум ва семинарҳоро ҳавасманд менамоянд.

Моддаи 5

Тарафҳо ба ҳамдигар аз омодагӣ ва татбиқи лоиҳаю барномаҳое, ки манфиати якдигарро ифода мекунанд, хабар мерасонанд.

Моддаи 6

Баҳси Тарафҳо, ки метавонанд дар ҷараёни татбиқ ва тавзеҳи муқаррароти Созишномаи мазкур ба вуҷуд оянд, бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд.

Моддаи 7

Муқаррароти Созишномаи мазкур ба уҳдадорию ҳукуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянду ин давлатҳо аъзои онҳо ҳастанд, дахолат намекунад.

Моддаи 8

Ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид намудан мумкин аст, ки онҳо дар Протоколи алоҳида дарҷ мегарданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида қисми таркибии Созишномаи мазкур маҳсуб меёбанд ва тибқи моддаи 9 он (Созишномаи мазкур) эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 9

Созишномаи мазкур аз рӯзи қабули огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи иҷрои расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо, ки барои ҳукми қонунӣ гирифтани Созишнома зарур аст, эътибор пайдо карда, дар муддати панҷ сол амал мекунад. Агар яке аз Тарафҳо Тарафи дигарро на дертар аз шаш моҳи пеш аз мӯҳлати ба охир расидани давраи навбатии панҷсола, дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи мазкур огоҳ нанамояд, давраи эътибори Созишномаи мазкур ба панҷ соли минбаъда (дигар) тамдид мешавад.

Қатьи амали Созишномаи мазкур ба амал ва мӯҳлати шартномаю барномаҳое, ки мутобиқи Созишномаи мазкур иҷро карда мешаванд, то ба охир расонидани онҳо таъсир расонида наметавонад.

Дар шаҳри Душанбе, 28 октябри соли 2011 дар ду нусха, ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расидаанд, ки ҳар ду матни он қувваи якхелаи ҳуқуқӣ доранд. Дар сурати пайдо шудани ихтилоф дар тавзеҳ ва истифодаи Созишномаи мазкур, матни забони русӣ афзалият дорад.

Аз ҷониби

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Беларус