Тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбарӣ аз 25 марти соли 2013, № 1442

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 марти соли 2013, № 1442

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 марти соли 2013, № 1442

тасдиқ шудааст

Тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбарӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбарӣ (минбаъд Тартиб) ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон (минбаъд-ташкилотҳо), доир ба масъалаҳои огоҳонидани шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, даъватшавандагон ва таҳвилкунандагони техника ҳангоми омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ба танзим медарорад.

2. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" сарбозон, сержантҳо, старшинаҳо, афсарон, генералҳо, ки дар эҳтиёт қарор доранд, шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ва шаҳрвандони ба рӯйхати қитъаҳои даъватшавӣ гирифташуда бошад, даъватшаванда номида мешаванд.

3. Мутобиқи моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ":

а) роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд, ки бо талаби комиссариатҳои ҳарбӣ шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ва даъватшавандагонро дар бораи даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ огоҳ намоянд ва барои ба комиссариатҳои ҳарбӣ сари вақт ҳозир шудани онҳо мусоидат намоянд;

б) шаҳрвандоне, ки бе сабабҳои узрнок ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои барӯйхатгирӣ, даъват ва равон намудан ба қисмҳои ҳарбӣ ҳозир намешаванд, инчунин роҳбарони ташкилотҳое, ки барои сари вақт ҳозир шудани шаҳрвандон ба маҳалҳои даъват садди роҳ мегарданд ва чораҳои дахлдор намеандешанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд;

в) огоҳонидани шаҳрвандони дар эҳтиёт буда дар давраи осоишта бо даъватномаҳои намунаи муқарраршуда, ба ҷамъомадҳои таълимӣ ва ҳангоми сафарбарӣ бошад, бо даъватномаҳои ҷангӣ амалӣ гардонида мешавад.

4. Барои даъвати шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ба ҷамъомадҳои махсус ё ҳангоми сафарбарӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот роҳбарони ташкилотҳо мутобиқи Тартиби мазкур ситодҳои огоҳонид ташкил мекунанд ва нақшаҳои огоҳонидан тартиб медиҳанд.

5. Нақшаи огоҳонидани шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, ки дар басти кор мебошанд, ҳангоми ба ҷамъомадҳои махсус ва сафарбарӣ даъват шудан, иҷрои корҳои муқарраршударо бояд дар давоми як соат аз вақти гирифтани ишора ё фармоиши комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намояд.

...

Утвержден

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 25 марта 2013 года, №1442

Утвержден

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 25 марта 2013 года, №1442

Порядок оповещения о мобилизации

1. Общие положения

1. Порядок оповещения о мобилизации (далее-Порядок) регулирует обязанности и задачи руководителей предприятий, учреждений и иных организаций независимо от форм собственности (далее организации), по вопросам оповещения граждан, пребывающих в запасе, призывников и поставщиков техники при мобилизационной подготовке и мобилизации.

2. В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" солдаты, сержанты, старшины, офицеры, генералы, состоящие в запасе, именуются гражданами, пребывающими в запасе, а граждане, приписанные к призывным участкам-призывниками.

3. В соответствии со статьями 3 и 4 Закона Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе":

а) руководители организаций, обязаны по требованию военных комиссариатов оповещать граждан, пребывающих в запасе, и призывников об их вызове в военные комиссариаты и содействовать своевременной явке в военных комиссариаты;

б) граждане, не явившиеся в комиссариаты без уважительных причин для приписки, призыва и отправки в воинские части, а также руководители организаций препятствующие своевременной явке граждан на призывные участки и не принимающие соответствующие меры для этого, привлекаются к ответственности согласно законодательству Республики Таджикистан;

в) оповещение граждан, пребывающих в запасе, в мирное время производится повестками установленного образца, а при призыве на учебные сборы и по мобилизации - боевыми повестками.

4. Для призыва граждан, пребывающих в запасе, при их призыве на специальные сборы или по мобилизации органы самоуправления посёлков и сёл, руководители организаций в соответствии с настоящим Порядком создают штабы оповещения и разрабатывают планы оповещения.

5. План оповещения граждан, пребывающих в запасе, работающей смены при их призыве на специальные сборы и по мобилизации должен обеспечить проведение указанной работы в течение одного часа с момента получения сигнала или распоряжения военных комиссариатов.

...